Хабарҳо, эълонҳоДар бораи ширкатЛоиҳаНақшаи неругоҳҳоҚонунгузорӣ Галереяи аксҳоСохтори "Барқи тоҷик"Ҳуҷҷатхои таъсисӣМаълумоти таърихӣФорумТамос
 

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator

  • Notice: Undefined variable: img_dimensions in /usr/home/data/barkitoj/public_html/modules/mod_jw_sir.php on line 135
  • JoomlaWorks Simple Image Rotator
Хабарҳо, эълонҳо
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад…

Дасисаи Ҷамшед Ватанов бо унвони «В Таджикистане назревает энергетическая революция», ки санаи 7 майи соли 2012 тариқи сомонаи  «ЦентрАзия»  пањн гашта буд, пурра аз суханони  бепояу дурӯғ иборатанд, ки муаллиф аз иншои онҳо танҳо як ҳадаф дорад: иғво  паҳн намудан ва Тоҷикистонро паст задан. Вале бояд изҳор намуд, ки дар заминаи рушду дастоварди кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика низ, ин кӯшиши Ҷ. Ватанов хеле заифу соддалавҳона баромадааст.

 
Нархи барқ: ислоҳот ногузир аст!

ВОКУНИШ

 

 

Нархи барқ: ислоҳот ногузир аст!

 

 

 Пеш аз ин ҳам Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» тавассути сайти худ –barkitojik.tj  асос ва сабабҳои баланд шудани нархи барқро дар кишвар пурра шарҳ дода буд. Вале баъди пайдо шудани изҳори назари Шӯрои сиёсии Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва дигар маводу изҳори назар дар матбуот зарур мешуморем, ки ин қазияро бори дигар барои хонандагон шарҳ диҳам. Ҳам Шӯрои сиёсии Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва ҳам баъзе намояндагони ВАО шояд  ба вазъи кунуии молиявӣ-истеҳсолии системаи энергетики Тоҷикистон он қадар ошно нестанд ва  аниқ дарк накунанд, ки алҳол бе гузаронидани ислоҳоти нарх на танҳо талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқ наметавон қонеъ кард, балки ҳатто коршоям нигоњ доштани системаи энергетики кишвар  низ  дар чунин вазъият зери хавф мемонад.

 
Дар бораи вазъияти таъминот бо барқ

20.03.2012.

Дар бораи вазъияти таъминот бо барқ

 

Сардиҳои рӯзҳои охир боиси боз ҳам зиёдтар хароҷот шудани захираҳои энергетикии  кишвар, аз ҷумла оби обанбори Норак гардид. Дар рӯзи 20 март сатҳи обанбор дар нуқтаи 861,05 метр қарор дорад. То нуқтаи ниҳоии  техникӣ 4,05 метр об боқӣ мондааст. Пешгӯии обу ҳавосанҷон низ дар бораи вазъи обу ҳаво дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март ва ибтидои апрел тасаллобахш нестанд. Вобаста ба ин,  Маркази танзими барқи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба хулосае омад, ки Ширкат дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз наметавонад, ки ба реҷаи таъминоти барқ тағйирот ворид намояд.

Ҷашнгирии иди Наврӯзи хуҷастапай панҷ рӯз идома меёбад. Дар сурати ворид шудани тағйирот ба реҷаи барқ муштариёнро пешакӣ огоҳ хоҳем кард.

 

                                                        Маркази матбуоти

                                                        ШСХК «Барқи Тоҷик»

 
Дар бораи вазъи таъминот бо барқ

                                                                                                Шарҳ барои матбуот

 

                         Дар бораи вазъи таъминот бо барқ

          Бо сабаби  нобаҳангом  паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки воситаи асосии таъминоти барқи кишвар аст, дар назар аст, ки  истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат  коҳиш меёбад. 

Тибқи нишондодҳои таҷҳизоти обсанҷӣ, дар ҳамин рӯзҳо  ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш дар як сония  70-80 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи  бисёрсола се баробар кам мебошад. Ҳаҷми оби обанбор дар соати 7-00-и рӯзи 13 март 863,53 метррро ташкил дод. Ин чунин маъно дорад, ки то нуқтаи ниҳоии техникӣ мо ҳамагӣ 6 ,53 метр об захира дорем. Ёддовар мешавем, ки дар ҳар шабонарӯз аз рӯи меъёри ҷорӣ 50-55 сантиметр об хароҷот мегардад. Бе назардошти маҷро ин захира ба 13 рӯз мерасад. Дар як вақт вобаста ба хунукӣ талабот ба нерўи барқ афзоиш меёбад.

Системаи энергетики кишвар дар роҳи таъминоти мардум бо барқ дар ин рӯзҳо аз тамоми шароиту имконият истифода мебарад, Ба хотири таъминоти бештари мардум бо барқ Заводи алюминии Тоҷик дар ҳар шабонарӯз нисбат ба солҳои қаблӣ  2,5-3 миллион кВт.соат кам барқ гирифта истодааст, иқтидори НОБ-и навбунёди «Сангтуда-2» афзоиш ёфта, он дар ҳар шабонарӯз то 1,9 миллион кВт.соат барқ истеҳсол менамояд. Бо вуҷуди ин, моро лозим омадааст, ки рӯзҳои охир ба хотири то гармиҳо ба барқ таъмин будани аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат, корхонаҳое, ки аз рӯи технология бе барқ монондани онҳо катъиян мумкин нест, интиқоли барқро дар ноҳияҳо то 15-20 фоиз кам намоем.

Алҳол таъминоти барқ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ сурат гирифта истодааст. Бо назардошти вазъи ба амаломада, дар сурати идома ёфтани хунукӣ лозим меояд, ки дар тамоми кишвар реҷаи махсуси таъминоти нерӯи барқ зарурати ҷорӣ карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки  зимистони имсола бо вуҷуди амал намудани  реҷаи маҳдудият таъминот бо барқ хуб буд. Шаҳри Душанбе, аксари марказҳои вилоятҳо бемаҳдудият ва нуқоти таҳти лимит қарордошта бамаротиб хуб барқ мегирифтанд. Бо вуҷуди сардиҳои шадиду дарозмуддат садамаҳои ҷиддии системавӣ ба амал наомаданд. Алҳол бошад, дар оғози баҳор носозгориҳои табиат чунин вазъро ба миён овард. Дар ҳақиқат махдудияти барқ ногуворӣ ва душвориҳои зиёд меорад, бисёриҳоро асабиву  дилгир мекунад, вале афсӯс алҳол фақат  ҳамин қадар имконияту шароит дорем. Танҳо як чиз  тасаллобхш аст: ки шукр ин ҳама дар рӯзҳое мо ба вуқӯъ омад, ки мо ба баҳор, ба рӯзҳои гарм расидаему дигар бозгашт ба сардиву торикӣ мавҷуд нест.

Мутахассисони Ширкат ва кормандони Хадамоти марказии танзим, ки реҷаи интиқоли барқро муайян менамоянд, машғули коранд ва баробари зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии нерӯи барқро ба муштариён  барқарор менамоянд. Ҳарчанд аз табиат ҳама чизро интизор шудан мумкин аст, ҳамин аниқ аст, ки дигар роҳи бозгашт ба зимистон нест ва дар рӯзҳои наздик истеҳсоли барқ зиёд ва таъмини аҳолӣ бо барқ ба  эътидол хоҳад даромад.


                                     Маркази матбуоти

                                     ШСХК «Барқи Тоҷик» 

 

 

 

 

 
Чаро нархи барқ баланд шуд?


Чаро нархи барқ баланд шуд?

 

 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон ва, вобаста ба талаботи рӯзафзун, ба нерӯи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар тадбири муҳим ва ногузир буд. Гап сари он ки, танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои такрористеҳсолкунии қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави барқтавлидкунанда ва такмили иқтидорњои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст. 

Бо назардошти ин, зимни омӯзиши ҳамаҷониба ва хулосаҳои мутахассисони институтҳои молиявии байналмиллалӣ соли  2006  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷахонӣ меморандум ба имзо расида, ки дар он  бо тавсиаи   Бонки ҷахонӣ бояд ҳар сол дар Тоҷикистон нархи барқ ба қадри то 40 фоиз баланд бардошта мешуд. Ин ба хотири ноил шудан ба  даромаднокии соҳаи энергетика ва ҷалби бештари маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ ба сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои энергетикист. Яъне - бо чунин нархи барқе, ки то он вақт амал менамуд, соҳаро дар мизони муаяйн нигоҳ доштан, онро такмил додан ва маблағҳои дохиливу хориҷиро барои бунёди иншооти нави энергетикӣ ҷалб намудан  ғайриимкон буд. Ва ибтидо аз соли 2007, ҳар соле ду маротиба нархи барқ баланд бардошта мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин наметавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон пурра тобеи ин меморандиум аст. Барои мисол тули ду соли охир дар ҷумҳурии мо  нархи барқ бетағйир буд. Агар мо бо тавсиаи Бонки ҷаҳонӣ амал менамудем, имрӯз нархи барқ барои аҳолӣ 16,2 дирам мебуд ва ба 19,44 дирам мерасид. Бори охирин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 таҳти № 678 «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» нархи барқ дар кишвари мо аз 1 январи соли 2010 баланд бардошта шуда буд. 

Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки онҳо нерӯгоҳҳои барқи обиянд ва манбаъи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот барои об ҳам пул сарф мегардад: дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, имрӯзҳо дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолии НБО-ҳо, ки  аз 30 то 70 сол фаъолият намудаанд, аксаран дар ҳолати фарсудашавӣ қарор доранд ва ин вазъият иқтидорҳои кории онҳоро нисбат ба иқтидорҳои лоиҳавиашон то андозае кам менамояд. Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби маблағҳои худӣ 5 соли охир таҷдиди (модернизатсия) НБО-ҳоро, алалхусус НБО-и Норакро, амалӣ намуда истодааст, ки маблағи солонаи барои ин корҳо равонашуда 40-50 млн.сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён, Ширкати “Барқи Тоҷик” дар НБО-ҳо, МБГ-ҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва капиталиро анҷом медиҳад, ки хароҷотҳои умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои  “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷотҳои хусусияти истеҳсолидошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ соле 850-900 млн.сомониро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин хароҷот ба арзиши аслии истеҳсоли энергияи барқ ва, мутаносибан, ба тарифи энергияи барқ ба муштариён интиқолшаванда таъсири худро мерасонанд.

Барои возеҳ шудани масъала дар поён қисме аз ин хароҷотро, ки ба хотири бештар бо барқ таъмин намудани кишвар, вале бо зарари молиявӣ ширкат сурат мегирад, шарҳ медиҳем:

1.ШСХК «Барқи Тоҷик» тибқи ӯҳдадориҳои худ дар асоси қарордоди баимзорасида, аз ҶСК «Сангтӯда-1» энергияи барқро бо тарифи баланд  харидорӣ намуда, барқи фоиданокро ба истифодабарандагони дохили ҷумҳурӣ бо тарифи миёнасолонаи нисбатан паст ба фурӯш мебарорад. Зарари молиявии Ширкат аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2011 маблағи 148,0 млн.сомониро ташкил додааст, ки ин яке аз омилҳои асосии ба вазъи душвори молиявӣ овардани Ширкат маҳсуб меёбад. Имрӯз аз ҳисоби саривақт ва пурра пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён, Ширкати “Барқи Тоҷик” имконияти пурра пардохт намудани маблағи барқи Сангтӯда-1”-ро надорад ва айни замон қарзи Ширкат дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ба 218 млн.сомонӣ баробар шудааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 2012 ШСХК “Барқи Тоҷик”аз НБО-и Сангтӯда-2 энергияи барқро бо тарифи боз ҳам баландтар харидорӣ менамояд, ки  ба хотири бо барқ беҳтар таъмин намудани кишвар, вале бар зарари молиявии Ширкат мебошад;

 

 2. Дар давоми мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар МБГ ш. Душанбе истеҳсоли энергияи барқ 38,6 млн.кВт.соат ва энергияи гармӣ 85,6 ҳазор Гкал-ро ташкил дод. Мувофиқи таҳлилҳо, хароҷоти умумии молиявии МБГ ш.Душанбе ба 45,4 млн.сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми маҳсулоти молӣ 3,8 млн.сомониро ташкил додааст. Дар натиҷа, зарари молиявӣ аз ҳисоби фаъолияти МБГ ш.Душанбе ба 41,6 млн.сомонӣ баробар шуд. Бояд қайд намуд, зарари молиявии мазкур танҳо дар ҳолати бо иқтидори 30 МВт фаъолият намудани МБГ ба вуҷуд омадааст. Солҳои қаблӣ, ки МБГ-и ш. Душанбе бо иқтидори зиёда аз 100 МВт фаъолият дошт, зарари молиявии корхона зиёда аз 140 млн.сомониро ташкил медод. Бо вуҷуди ин зарар, ба хотири дар фасли зимистон бо барқ таъмин будани сокинони пойтахт ширкати “Барқи Тоҷик” наметавонад аз истифодаи МБГ ш. Душанбе сарфи назар намояд.

 

3. Яке аз вазифаҳои имрӯзаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ин саҳмгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика  низ мебошад. Умуман, дар давоми аз соли 2000 то ин ҷониб зиёда аз 19  лоиҳаҳои калони  инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 1 млрд. 133 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик»  93 млн.доллари ИМАро ташкил медиҳад. Аз оғози амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, маблағгузории саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ин лоиҳаҳо 54 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, аз он ҷумла дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Сангтӯда-2” дар ҳаҷми 21 млн.доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ таи солҳои охир бо саҳмгузории ШСХК «Барқи Тоҷик» сохтмони иншоотҳои муҳими энергетикӣ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатҳои интиқоли барқи кабелии 110 кВ тавассути нақби «Истиқлол», мӯтаъдилгардонии ҳолати ярчи НБО-и Бойғозӣ ва дигар лоиҳаҳои беҳдошт ва барқарорсозии соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд. Айни замон, амалишавии лоиҳаҳои сохтмони НБО-и “Сангтӯда-2”, хати интиқоли барқи 220 кВ «Хуҷанд-Айнӣ», дастгоҳҳои комплекси тақсимкунандаи элегазии 500 кВ ва 220 кВ дар НБО-и Норак, таҷдиди шабакаҳои барқии ш.Душанбе ва ғайра идома дорад. То ба анҷом расонидани лоиҳаҳои инвеститсионии номбурда, Ширкати «Барқи Тоҷик» бояд боз 39 млн.доллари ИМА маблағҳои худиро равона намояд.

Инчунин бозгашти маблағи қарзи сармоягузорони хориҷӣ ба ӯҳдаи ШСХК «Барқи Тоҷик» вогузор карда шудааст. Мувофиқи талаботҳои Созишномаи зерқарзие, ки байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба таъмини бозгашти маблағи сармоягузорон ба имзо расидааст, имрӯз  Ширкат дар назди Вазорати молия қарздор аст, ки бо тарифҳои мавҷуда ва дар шароити имрӯзаи вазъи молиявӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик» имконияти пардохти ин маблағҳоро надорад.

 

Ширкати “Барқи Тоҷик” сохтори мустақили хоҷагидор ба шумор рафта, тамоми хароҷотҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби маблағҳои худии Ширкат маблағгузорӣ карда мешавад. Танҳо барои сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Маблағгузории корҳои сохтмонии иншоотҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар  солҳои 2011-2012, мутаносибан, 67,4 ва 56,6 млн.сомониро ташкил додааст.

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ба номгӯи (реестр) субъектҳои монополияи табиӣ шомил карда шудааст ва ба танзим намудани фаъолияти Ширкат дар масъалаи нархгузории энергияи барқ ва гармӣ ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати “Барқи Тоҷик” ба Хадамоти мазкур сметаи хароҷот ва даромади Ширкатро барои соли 2012 барои омӯзиш пешниҳод намуда буд. Мувофиқи сметаи мазкур дар соли 2012 бо назардошти афзоиш ёфтани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ (гази табиӣ ва мазут), қисмҳои эҳтиёти барои таҷҳизотҳои энергетикӣ, энергияи барқи харидоришаванда ва ғайра, хароҷотҳои Ширкат (бе назардошти маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика) дар ҳаҷми 995 млн.сомонӣ дар назар дошта шудааст. Маблағи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда (аз ҳисоби интиқоли барқи фоиданок ба муштариён) дар ин давра бо назардошти тарифҳои амалкунанда 1099 млн.сомониро ташкил хоҳад дод, ки маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 104 млн.сомониро ташкил медиҳад (1099-995=104). Аз маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 15%, яъне 15,6 млн.сомонӣ андоз аз фоида бояд пардохт карда шавад, ки дар натиҷа фоидаи соф ба 88,6 млн.сомонӣ баробар хоҳад шуд (104-15,6=88,6). Бояд қайд намуд, ки фоидаи мазкур танҳо дар ҳолати пурра (100%) пардохт шудани маблағи барқи истифодашаванда аз ҷониби муштариён имконпазир мегардад, аммо дар мавриди ҳатто 90% пардохт шудан маблағи  воқеии љамъовардашуда дар суратњисоби  Ширкат метавонад ба 989 млн.сомонӣ баробар шавад, ки ин хароҷотҳои истеҳсолии Ширкатро пӯшонида наметавонад.

Дар сурати 100% пардохт шудани маблағи энергияи барқ аз ҷониби муштариён  гарчанде, ки Ширкати “Барқи Тоҷик” хароҷотҳои истеҳсолии худро пӯшонад ҳам, аммо маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ, сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ, пардохти қарзҳои Ширкат дар назди буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Созишномаҳои зерқарзӣ, дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ва “Сангтўда-2”  ғайриимкон мегардад.

Дар заминаи ҳамин таҳлил нархи барқ дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд. Бояд қайд намуд, ки новобаста ба  ин баландшавӣ нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳануз ба маротиб арзон аст. Ҳамин тариқ, аз 1 апрели соли 2012 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба қадри 25 фоиз, барои аҳолӣ бошад, 22 фоиз баланд бардошта шуд. Муштариёни маишӣ (аҳолӣ), ки то ин дам барои ҳар қВт.соат 9 дирам маблағ медоданд, акнун 11 дирам маблағ месупоранд. Бояд қайд намуд, ки ин ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки  маблағи онҳо аз тарафи давлат ҷуброн мегардад. Боз як сабукие, ки ин ҳам тадбири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар он аён мегардад, ки солҳои пеш нархи барқ одатан аз ибтидои сол, яъне  1 январ баланд бардошта мешуд. Ба хотири он, ки дар фасли зимистон талабот ба барқ хеле зиёд аст, ин маротиба баландшавии нархи барқ аз 1 апрел сурат гирифт.

Муштариёни  гиромӣ! Ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо

дар ҳисобу пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз Шумо хоҳиш

менамоем, ки то 1 апрел маблағи ҳаққи истифодаи барқро

пурра пардохт намоед.

 

                                     Хадамоти матбуоти

                                     ШСХК “Барқи Тоҷик”

 

 






   

 

 
ДАР БОРАИ НАРХИ БАРҚ

                                               ШАРҲИ МО

                      ДАР БОРАИ НАРХИ БАРҚ

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» доир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати баланд шудани нархи барқ  иттило медиҳад, ки  баъди  омода ва тасдиқ  гардидани Нархнома (Прейскурант) аз тарафи Хадамоти зиддинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  Тоҷикистон дар асоси ин қарор ба пурра шарҳ додани он ваколатдор мегардад ва онро барои ВАО ва аҳолӣ пурра шарҳ хоҳад дод.

 
Муроҷиати ШСХК "Барқи Тоҷик" ба диққати сокинони шаҳри Душанбе

ШСХК «Барќи Тољик» бо камоли эњтиром ба  сокинони шањри Душанбе ва роњбарони корхонаву муассисањо мурољиат менамояд, ки дар ин рўзњои нињоят  сард, ки барќ  воситаи асосии пешбурди зиндагиву кору рўзгори Шумост, аз нерўи барќ максаднок ва сарфакорона истифода баранд. 

 
КӢ ДАР САФИ ПЕШ, КӢ ҚАФОМОНДА?

Маълумот дар бораи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда

 дар Шабакаҳои барқи вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ

       дар ҷамъбасти моҳи январи соли 2011

амъовари умумӣ) 


 

б/т   

Шабакаи  барќї     

Фоизи

умумї  
  1  ШБ Панљакент   94,5
  2   ШБ Норак   94,2
  3  ШБ Љанубї   86,3
  4  ШБ Суѓд   83,2
  5  ШБ Ёвон   82,1
  6  ШБ Чкалов   78,0
  7  ШБ Марказї   75,3
  8  ШБ Исфара   75,0
  9  ШБ ш.Душанбе   74,1
 10  ШБ Рашт   73,4
 11  ШБ ш.Хуљанд   69,1
 12  ШБ минт Кўлоб   68,8
 13  ШБ Данѓара   68,0
 14  ШБ Истаравшан   67,7
 15  ШБ Турсунзода   64,3
 16  ШБ Ќўрѓонтеппа   55,3
 17  ШБ ш. Кўлоб   36,0
   Умумї дар ШБ-њо   74,9
   ТАЛКО   60,6
   ЊАМАГЇ   70,4

 

 
КӢ ДАР САФИ ПЕШ, КӢ КАФОМОНДА?

 

Маълумот дар бораи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда

       дар Шабакаҳои барқи вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ

    дар ҷамъбасти моҳи январи соли 2012

      (Аз аҳолӣ) 


  № б/т Шабакаи барќї      фоиз  
      1  ШБ Норак   83,7      
      2  ШБ Марказї   80,5
      3  ШБ Љанубї   80,3
      4  ШБ Панљакент   80,1
      5    ШБ Ёвон   78,0
      6  ШБ Чкалов   77,7
      7  ШБ Данѓара   76,7
      8  ШБ Исфара   75,3
      9  ШБ Суѓд   75,0
     10  ШБ Рашт   72,3
     11  ШБ Душанбе   71,0
     12  ШБ Турсунзода   70,0
     13  ШБ ш.Ќўрѓонтеппа   67,9
     14  ШБ минт Кўлоб   61,0
     15  ШБ ш.Хуљанд   58,2
     16  ШБ ш.Кўлоб   32,9

  Њисоби

миёнаи 

«БТ»

   70,6

 

 
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз имконияту захираҳо  дар рӯзҳои ҷашни соли нави милодии 2012 ба реҷаи интиқоли барқ тағйирот ворид намояд. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012 мардуми кишвар бемаҳдудият барқ мегиранд.

Дар ин давра дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои  ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби роҳбарият ва мутахассисон  навбатдории шабонарӯзӣ ташкил дода шудааст. Дар ин рӯзҳо телефонҳои боварӣ – 378835522; 378835511 -  низ  ба таври шабонарзӣ кор мекунад. 

                  

         Маркази матбуоти

         ШСХК «Барқи Тоҷик»

 
Ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои кори доимӣ мутахассисони зерин заруранд:

Сардори Шӯъбаи ҳуқуқ-довталаб бояд соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ

бошад, собиқаи  на камтар аз панҷ соли корӣ  дар вазифаи  сардори шӯъба дошта, забонҳои тоҷикӣ ва русиро хуб донад, дар компютер кор карда тавонад, дар таҳияи шартномаҳои байнидавлатӣ ва раванди мурофиаи судҳои иқтисодӣ малакаи корӣ дошта бошад.

 Назоратчиёни барқ 

(контролёрҳо) – дар тамоми Шабакаҳои  барқи минтақаҳои 

ҷумҳурӣ барои кори доимӣ Назоратчиёни барқ (контролёрҳо) ба кор даъват карда мешаванд. Довталабон бояд маълумоти соҳаи барқ, муомилаву муносибати хуб ва дасту дили пок дошта бошанд. Хотиррасон менамоем, ки ҳар назоратчӣ мутобиқи фоизи манфиати истеҳсолӣ имкон дорад то 2-3 ҳазор сомонӣ моҳона гирад.

  Барои маълумоти иловагӣ ба муассисаҳои барқи ҷои истиқомат муроҷиат намоед.

 

         Барои маълумоти иловагӣ: 

бо телефонҳои 295-357 ё 295-337 муроҷиат намоед.

Суроғаи мо: ш.Душанбе, х.Исмоили Сомонӣ, 64,

      ШСХК «Барқи Тоҷик»


 

 

Дар Рӯзи Конститутсия ва Иди қурбон 

  сокинони  кишвар бе маҳдудият барқ мегиранд. 

 

Мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати Саҳҳомии Холдинги Кушодаи «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи ҷашнгирии Рӯзи Конститутсия ва Иди Ќурбон ба тамоми сокинони кишвар бемаҳдудият барқ диҳад. 

Ҳаминтариқ, аз соати 14-00-и рӯзи 5-уми ноябр то соати 22-00-и рӯзи 6 ноябр ба сокинони кишвар бемаҳдудият барқ дода мешавад. Барои амалӣ намудани ин тадбир   дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби сарфи  оби обанбори Норак ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи худи муштариён мусоидат намудааст.

Рӯзи Қонуни бахтовари кишвар ва Иди шарифи Қурбон

 муборак, ҳамдиёрон! 

                                                         Маркази матбуоти

                                                        ШСХК «Барқи Тоҷик» 


 

 

 

 
Ин зимистон таъминоти барқ чӣ гуна мешавад?

Муроҷиат ва шарҳи раиси ШСХК «Барқи  Тоҷик» 

ба мардуми Тоҷикистон

 

Тирамоҳ ҳам фаро расид ва суоли «Ин зимистон таъминоти барқ чӣ гуна мешавад?» дар ин давра  ба муҳимтарин пурсиш дарҳ ҳама қиршу дар ҳама минбару маърака табдил меёбад. Дар ин бора гумону тахминҳо, фаразияву пешгӯиҳо ва, њатто, овозаву сафсатаҳо ҳам пайдо мегарданд.

Барои он ки асли масъала ба ҳама возеҳ шавад, барои он ки мардуми кишвар иттилои пурраву аниқ дошта бошанд, Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»  шарҳи раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёровро нашру паҳн менамояд, ки  он эътимодноктарин ҷавоб ба ин суоли муҳим аст.

 

1.Дар бораи вазъи умумии системаи энергетики кишвар: Ҷои баҳс нест, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо энергетика рушду нумӯъ ёфт.

Овардани ҳамин факт басанда аст, ки дар ду-се соли охир норасоии нерӯи барқ аз 4-5 миллиард кВт.соат қариб ду баробар коҳиш ёфт.

 Чанд сол муқаддам агар мардум дар як шабонарӯз 4-6 соат барқ мегирифтанд, ду сол  боз 10-12 соат барқ мегиранд. Пеш маҷбур будем ҳатто дар пойтахт, маҳаллаҳои канории он маҳдудият ҷорӣ намоем. Ду сол боз Душанбе, марказҳои вилоятҳо, баъзе шаҳрҳои саноатии кишвар бе маҳдудият барқ мегиранд. Боз, набояд фаромӯш намуд, ки то октябри соли 2009 мо шомили Системаи энергетики Осиёи Марказӣ будем ва ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон аз давлатҳои ҳамсоя то  1,6-2,0 миллиард кВт.соат барқ ворид менамудем. Моҳи октябри соли 2009 дар оғози фаро расидани сармо бо тазъиқи баъзе давлатҳои ҳамсоя моро аз ин система берун намуданд. Бо вуҷуди ин, самарии рушди соҳа ва тадбирҳои дигари фаврӣ буданд, ки мо ҳам аз буҳрони энергетикӣ раҳо шавем ва ҳам таъминоти барқро беҳтар намоем.

Ин пеш аз ҳама аз сиёсати амиқи энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. 

  Бе шубҳа, омили аз ҳама муҳим бобати беҳ шудани таъмини барқ дар солҳои охир даъват ва дастурҳои  Президенти Тоҷикистон бобати сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ буд: Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  15  апрели соли 2009, дар ин масъала аввалин дастури муњим, љиддї ва асоснокшуда ба шумор меравад.

Дар он, аз љумла таъкид мешуд, ки Норасоии қувваи барқ дар кишварамон соле 4,5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад.”

Баъд аз чанд рӯз, 24 апрели соли 2009  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид. Ин дастури хеле муҳим ва саривақтии Сарвари давлат, аз ҷумла пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан, дар воқеъ, як сабаби асосии дар тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 аз буҳрони амиқи энергетикӣ раҳо намудани кишвар гардид. Дар ин давра тақрибан 1,2 миллиард кВт.соат нерӯи барқ сарфа гардид, ки ин баробари он миқдорест, ки  мо бояд аз Туркманистон барқ мегирифтему бо сабаби аз Системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карда шуданамон, гирифта натавонистем. 

Дигар омили афзалиятноки беҳтар шудани таъминот бо барқ дар санаи 31 июли соли 2009 пурра ба истифода додани нерӯгоњи барқи обии «Сангтӯда-1» буд. Бояд махсус таъкид кард, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави собиқи ин давлати абарқудрат бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бузургтарин иншооти энергетикие буд, ки ба истифодабарӣ дода шуд. Ин боз як исботи дигари диққати ҷиддӣ додани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика ва тараққиёту пешрафти он ба шумор меравад. Ҳамин тариқ Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»    иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 2,76 миллиард киловатт.соат нерӯи барқ, ки аз ин тақрибан 1,4 миллиардаш ба давраи зимистон рост меояд, афзун намуд.

Дар санаи 6 сентябри соли 2011, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон агрегати якуми  Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба истифодабарӣ дода шуд ва интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ агрегати дуюми он низ ба истифодабарӣ дода мешавад. Ин ҳама норасоии нерӯи барқро кам ва  дараҷаи таъминотро бо барқ беҳтар намуд.

Дар асоси дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бунёд ёфтани зиёда аз 250 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ низ ба беҳбудии таъминот мусоидат намуд. Ин фактҳо пурра шаҳодат медиҳанд, ки дар кишвари мо дар муқоиса бо тамоми дигар мамолики ҳамсоя соҳаи энергетика  бештар рушду нумӯъ меёбад.

Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боисти рушди соҳа мегардад. Ба истифодабарӣ дода шудани Хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» системаи энергетикии моро муттаҳид сохт. Дар ҳафтоду панҷ соли мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати  ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд.  То ин давра мо ба ҷануби Ӯзбекистон барқ медодем ва дар як вақт аз Ӯзбекистон барои шимоли мамлакат барқ мегирифтем. Акнун бошад, имконият фароҳам омад, ки  тавассути нерӯгоҳҳои худӣ ба шимоли мамлакат барқ интиқол диҳем. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст.  

Ана тасаввур намоед, ки агар ин хат бунёд намеёфт ва дар ҳолате, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, бар хилофи як қатор созишномаҳои дурамал оиди кори муовизавии системаҳои барқии  давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ қатъ намуд, бобати бо барқ таъмин намудани вилояти Суғд мо бо чӣ проблемаи калоне рӯ ба рӯ мешудем. Талаботи ин вилояти мутараққии Тоҷикистон дар як сол тақрибан 2,9 - 3 миллиард кВт.соат нерӯи барқ аст. Ягона НБО-и ин вилоят  Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” тақрибан 20 фоизи ин талаботро иҷро карда метавонад. Боқимонда, тақрибан 2,4 - 2,5 миллиард кВт.соат нерӯи барқи вилоят асосан тавассути ХИБ 500кВ «Ҷануб-Шимол» ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад. Фоидаи иқтисодии ХИБ 500кВ «Ҷануб-Шимол» дар як сол,  бо назардошти афзудани нархи байналмиллалии нерӯи барқ,  мо барқро барои вилояти Суғд аз давлатҳои ҳамсоя агар 5 сентӣ ҳам мехаридем (боз агар ба мо мефурӯхтанд!), тақрибан 125 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар санаи 26 сентяби соли 2011 ХИБ 220 “Хуҷанд – Айнӣ” ба истифодабарӣ дода шуд, ки ин таъминоти барқро ба водии Зарафшон беҳтар кард.

Дар бобати таъмини беҳтар ва афзоиши эътимоднокии  бо барқ таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ дар баробари иншооти азими энергетикӣ бунёди иншооти  инфрасохторӣ низ мавқеи калон дорад. Дар Ширкати «Барқи Тоҷик» ба ин масъала  аҳамияти калон дода мешавад. Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони як қатор иншоотҳои хурду бузурги ҳаётан муҳими энергетикӣ ба анҷом расонида, онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Зеристгоҳи «Исмоилов»110/35/10 киловолт дар шаҳри Кӯлоб, бо арзиши 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, навбати аввали зеристгоҳи 110/35/10кВ «20-солагии Истиқлолият» дар шаҳри Ќурғонтеппа бо як адад трансформатори тавоноиаш 10 000кВА, бо арзиши  4 млн. 600 ҳазор сомонӣ, зеристгоҳи  220/110/10кВ «Бӯстон-220» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо ду адад трансформатори тавоноиашон 1х63000кВА ва 1х32000кВА бо маблағи 8 млн 129 ҳазор сомонӣ, бунёди хати интиқоли барқи 110кВ аз зеристгоҳи «Бӯстон-220» то зеристгоҳи «Янтоқ-1» бо дарозии 12,5км бо маблағи 1млн. 246 ҳазор сомонӣ, сохтмони ХИБ-35кВ аз зеристгоҳи «Янтоқ-4» то зеристгоҳи «Зарнисор» бо дарозии 25км, бо арзиши 4 млн. 200  ҳазор сомонӣ, сохтмони ХИБ-35кВ «Сангтуда-1»- «Сангтуда-2» бо дарозии 8,5км, бо арзиши 2 млн. 176  ҳазор сомонӣ, бунёди хати дузанҷираи интиқоли барқии 220кВ аз пояи №5-и зеристгоҳи «Суғд-500» то пояи №65 ХИБ-220кВ «Суғд-Хӯҷанд» бо дарозии 12км, бо арзиши 5 млн. 200 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Айни замон корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншоотҳои- ХИБ-110кВ «Конибодом-Ашт» бо дарозии 41км, бо арзиши 13919 ҳазор сомонӣ ва- ХИБ-220кВ якзанҷира «Суғд-500» - «Суғд-Хуҷанд» бо дарозии 16км, бо арзиши 6208 ҳазор сомонӣ идома дорад. 

       Дар бунёди ХИБ 110кВ «Узловая-Зафаробод» бошад, корҳои лоиҳавӣ  оғоз гардидааст.

            Ҳамаи ин тадбирҳо имконият фароҳам меоранд, ки таъминот бо барқ беҳтар, эътимоднокии бо барқ таъмин будани кишвар афзунтар ва хароҷоти технологии нерӯи барқ камтар гардад.

            Дигар омили муҳими афзалиятнокии таъмини барқ дар тирамоҳу зимистони гузашта, албатта мусоидати обу ҳаво буд, ки энергетикҳо тавонистанд обро ба дараҷаи зарурӣ дар обанбори Норак захира намоянд ва дар ҳолати мувофиқати омилҳои дар боло зикршуда сарфакорона истифода баранд.

Имсол обанбори Норак  низ то сатҳи лоиҳавӣ пур карда шудааст. 

 

2 Таъминот чӣ хел мешавад?   Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, ки аз натиҷаи омӯзишу мушоҳидаи бисёрсола ва бо назардошти вазъи кунунии системаи энергетикӣ асос мегирад, ин зимистон таъминоти барқ ба зимистони порсола тақрибан монанд хоҳад шуд. Дуруст аст, ки имсол як қатор иншооти нав, аз ҷумла агрегати аввали НБО-и «Сангтӯда-2», Нерӯгоҳи «Марзич» дар ноҳияи Айнӣ, чандин Нерӯгоҳҳои хурд дар мавзеи кӯҳистон ба истифодабарӣ дода шуд. Вале ин ҷо ду омили хеле муҳимро бояд ба назар гирифт. Ҳар сол дар кишвари мо, вобаста ба рушди хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзгори мардум, талабот бо барқ зиёд мешавад. Инчунин, тавре дар боло қайд гардид, таъминот  бо барқ ба омили обу ҳаво вобастагии сахт дорад. Ба таври дигар зикр намоем, дер ё зуд ҷорӣ намудани маҳдудият ва барҳам додани он пурра вобаста аст ба ҳарорати ҳаво. Дар сурати  барвақт фаро расидани хунукӣ, ки ин ҳам боиси кам шудани маҷрои дарё ва ҳам зиёд гаштани талабот ба нерӯи барқ  мегардад ва истеҳсоли барқ аз истифодаи обанбор сурат мегирад, ҷорӣ намудани маҳдудсозӣ  ногузир мегардад.

Ҳотиррасон менамоем, ки барои пурра аз ҳисоби маҷрои дарёи Вахш кор кардани нерӯгоҳи Норак ва дигар нерӯгоҳҳои поён аз он ҳаҷми маҷрои  об бояд  дар  як сония 600-650 метри  мукаабро ташкил намояд. Алҳол маҷрои  Вахш дар ҳар сония 350-370 метри мукаабро ташкил медиҳад ва дар ҷумҳурӣ алаккай  истифодаи обанбор шурӯъ шудааст.

Тирамоҳи имсола нисбатан хунук омад ва мо аз 26 сентябр ба истифодаи обанбор шурӯъ намудем. Барои муқоиса - соли гузашта истифодаи обанбор аз 27 октябр оғоз ёфта буд. Хотиррасон менамоем, ки 10 метри кубӣ кам шудани ҳаҷми маҷрои об ба 750 ҳазор кВт.соат кам истеҳсол шудани нерӯи барқ баробар аст.

Қайд кардани боз як омил хеле муҳим аст: ҳар қадар дар нуқтаи баландтар нигоҳ доштани сатҳи обанбор манфиати онро зиёд менамояд. Зеро фишори баланд  боиси истеҳсоли бештари нерӯи барқ мегардад. Аз ин сабаб ҳам, ШСХК «Барқи Тоҷик» барои то фарорасии хунукиҳо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сатҳи обанбор, ки захираи асосии барқи кишвар ба шумор меравад ва сарфакорона истифода бурдани ҳар сантиметр оби он, ки  дар давраи зимистон ба мардум бештар зарур аст, ба зерсохторҳои худ дар вилояту ноҳияҳо дастур додаст, ки шабона дар ҷойҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим мавҷуд нестанд, интиқоли барқро қатъ намоянд. Аз назарпурсие, ки кормандони мо дар маҳалҳо мегузаронанд, аксаран аз ин тадбир розиянд. Охир, ҳар қатра обе, ки имрӯз эҳтиёт менамоем, ҳар киловатте, ки имрӯз  сарфа менамоем, ба нафъи ҷомеа аст. Истифодаи барқ аз тарафи корхонаи «ТАЛКО».  аз тарафи пойгоҳҳои обкашии Вазорати  мелиоратсия ва хоҷагии об ва дигар корхонаву муассисаҳо ба ҳадди минималӣ кам карда шудааст. Ин тадбирҳо ҳама барои зимистони дар рӯ ба рӯямон истода ва пешгӯинопазир мебошад. Дар шароити ҷорӣ, ки моро аз Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо намудаанд, дар ҳолатҳои душвор дигар наметавонем ба кумаки ҳамсояҳо умед бандем. Ҳоло ягона  умеду такягоҳамон иқтидорҳои худӣ  ва захираи обанбори Норак аст.

 

3.Овоза ва ҳақиқат.   Маҳдуд намудани интиқоли барқ албатта душвориву ногувориҳои зиёд меорад Вобаста бар ин, хоҳем - нахоҳем ҳар сол дар овони ҷорӣ намудани маҳдудият ҳар хел овозаҳо ва фаразияву тахминҳое, ки қисме аз онҳо супоришиянд, қисме махсус барои норозигӣ барангехтан ва раҳгум андохтани ҷомеа касдан паҳн карда мешаванд, пайдо мегарданд. Солҳои пеш, вақте мо шомили Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ будем, дар ин давра овоза паҳн мешуд, ки барқро ба Ӯзбекистон мефурӯшанд! Акнун бошад, вақте мо берун аз Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ фаъолият дорем, тавре дар бӯҳрони баҳори имсола ба ин рӯ ба рӯ омадем, сафсатаҳое бар амсоли - барқро ба Покистон ва обро ба Ӯзбекистон фурӯхтанд!  пайдо шуданд.

Дуруст аст, ки онҳое, ки аз вазъи воқеӣ огоҳанд ба ин хел афсонаҳо бовар намекунад ва тири муаллифони ин овозаҳои супоришӣ ба ҳадаф намерасад. Фақат ҳаминро бояд қайд намуд, ки барои нигоҳ доштани бозори энергетикӣ дар ин давра  ба миқдори хеле кам, ба қадри 6-8 мегаватт ба Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Ин ҳам, вақте махдудият ҷорӣ мегардад, дар ҳамин чорчуба сурат мегирад. 

Ҳақиқати ҳол ҳол ҳамин аст, ки ҷорӣ намудани маҳдудият сарфаи ҳар қатра об ба хотири дар рӯзҳои сард бештар бо барқ таъмин намудани мардум  мебошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ! Ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи  зимистон дар нияти таъмини бештари Шумо бо нерӯи барқ аст. Мо ҳар сантиметр обро ба ҳисоб мегирем, кӯшиш мекунем, ки ҳар як киловатт.соат нерӯи барқ мақсадноку манфиатнок истифода шавад. Аз Шумо ҳам хоҳиш дорем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти пурраву саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба мо кӯмак намоед. Аз барқ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани ҳар муштарӣ, ҳам ба манфиати худи ӯ ва ҳам ба манфиати тамоми ҷомеа аст.

 

 

 
<< [Первая] < [Предыдущая] 1 2 [Следующая] > [Последняя] >>

Результаты 1 - 16 из 17
 
??????ҳҳ?? ???қ?
??????ҳ?? ???қ?
?????ҳ?
??????? ??ҷ???????
   
     
    734026 ?. ???????, ?. ??????? ?????? 64; ????????: ???????, "????? ?????",
????????: 201261 ???????; ????: +(992 37) 235-86-92; ???????: +(992 37) 235-86-68;
E-Mail: